Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, сайёҳон ҳамоно дар он дара ҳастанд ва ба зудӣ аз куҳ фароварда мешаванд. Ҳач кадоме аз онҳо осеб надидааст.
"18 наҷотдиҳандаи вазорат дар дараҳои Иссиқ-Отин ва Аламедин ба кофтукоб баромаданд", - гуфтанд дар вазорат.
Сайёҳони раҳгумзада дар давоми сайёҳат ба Русия бо пайвандонашон дар тамос шудаанд.
Мақомоти Қирғизистон аз рӯи ин зангҳои телефонӣ харитаи сафари онҳоро муайян кардаанд.
Ин сайёҳон ҳанӯз 30 апрел ба сайёҳати куҳҳо рафта буданд ва тамос бо онҳо қатъ шуда буд.