Дар ин бора узви ҷиноҳ Гуля Кожокулова 8 май дар ҷаласаи порлумонӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби нав шудани раиси ҷиноҳ боз шудани парванда алайҳи Адахан Мадумаров аст ва ҳоло раҳбари пешини ҷиноҳ бо баҳсҳои додгоҳӣ машғул мебошад.
Додгоҳи шаҳрии Бишкек шикояти Мадумаровро аз болои қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳр, ки мандати вакилии ӯро бекор карда буд, рад кард.
Мадумаров 29 апрел аз додгоҳ хоста буд, ки қарори Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон дар бораи бекор кардани мандати вакилии ӯ ғайриқонунӣ дониста шавад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми май ахиран вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард. Парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.