Сторми Дэниэлс ҷузъиёти муносибатҳои маҳрамонаи худро бо Трамп, ки соли 2006 дошт, шарҳ додааст.
Трампро барои харҷи ғайриқонунии маблағҳое муҳокима мекунанд, ки вай дар маъракаи интихоботии соли 2016 ҷамъ оварда буд.
Як сол пеш додситонии Манхэттен Трампро дар тақаллуби аснод, бо ҳадафи пинҳон доштани пардохти 130 ҳазор доллари маъракаи интихоботӣ ба ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ Сторми Дэниэлс айбдор карда буд. Дэниэлс гуфта буд, ки бо Трамп робитаҳои маҳрамона дошт ва таҳдид кард, ки дар маъракаи интихоботӣ фошгӯӣ хоҳад кард.
Додситонӣ гуфт, Трамп 130 ҳазор долларро барои бастани даҳони Дэниэлс пардохтааст. Аммо президенти пешини ИМА ин маблағро дар санадҳо харҷи пардохти хадамоти ҳуқуқӣ нишон додааст. Трамп доштани робитаро бо ҳунарпешаи филмҳои шаҳвонӣ ва харҷи ғайриқонунии маблағҳои маъракаи интихоботиашро рад мекунад.
Ба назари таҳлилгарон, тасмими додситонӣ барои даъвати Дэниэлс ба ҳайси шоҳид метавонад бар зидди мавқеи ҷониби айбдоркунанда бошад, зеро вай соли 2018 ошкоро изҳор дошта буд, ки бо Трамп ҳеҷ робитае надорад. Вакилони дифои Трамп исрор меварзанд, ки иддаои Даниэлс дар бораи робитаи маҳрамонаи ӯ бо зерҳимояашон дурӯғ аст.