Дар ин бора дар лоиҳае гуфта шудааст, ки вазири таҳсилоти олӣ, илм ва навоварии Узбекистон Қонғротбой Шарипов 6 май ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев муаррифӣ кард.
Ба гуфтаи Мирзиёев, низоми кунунии қабул ва тақсими квотаҳо “ба рақобату интихоби донишҷӯёни болаёқат хидмат намекунад”. Ӯ гуфтааст, бархе аз довталабон бо вуҷуди ба даст овардани холи зарурӣ наметавонанд дохил шаванд, зеро квотаҳо ба донишгоҳе, ки онҳо қабул кардаанд, аллакай тамом шудааст.
Президенти Узбекистон ба раҳбарияти Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва навоварии он кишвар дастур додааст, аз соли оянда тартибе ҷорӣ карда шавад, ки довталаб баъди ба даст овардани холи баланд, сарфи назар аз донишгоҳи интихобкардааш ба гранти давлатӣ тавсия шавад.
Ба ҷуз ин, акнун грант ба як донишҷӯй ба муҳлати чаҳор сол дода намешавад. Онро ҳамасола миёни донишҷӯёне, ки ба натиҷаҳои баланди таълимӣ ноил шудаанд, тақсим мекунанд.