- Дар Варзоб мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шуд. Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони ин чӯпон мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа. Онҳо аз кори мақомот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳо аз хатари селу обхезӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. (видео)
- "Ба писарам насиҳат мекардам, ба роҳи рост рав". Волидони Ҷумъахон Қурбонови 21-сола аз ноҳияи Фархор, ки дар пайванд ба ҳамла дар Маскав дастгир шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд (видео)
- Муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Волии вилоят гуфтааст, 82 дар сади мардум хостаанд, муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд. (видео)
- Сел ду зану як пирамарди тоҷикро кушт. Бедодгарии табиат дар чандин шаҳру минтақаи Тоҷикистон аз дирӯз идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи борону сел се нафар, аз ҷумла як зани 20 сола дар Суғд фавтидааст (видео)
- Ҷавонони тоҷик ҷоизаи НАСА-ро бурданд. Дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳе аз ҷавонони соҳибистеъдод ба офаридани комикс ва ё тасвирҳое машғуланд, ки дар байни наврасону ҷавонон дар дигар кишварҳо маҳбубияти зиёд дорад. Як видеои офаридаи онҳо чанде пеш дар як озмуни НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико соҳиби ҷоиза ҳам шуд (видео)
- Муҳоҷиршикор боиси баста шудани ошхонаҳои муҳоҷирон дар Русия шудааст. Шиддат гирифтани тафтиши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия баъди ҳамла дар Крокуси Маскав боиси он шудааст,ки аксарияти зодагони Осиёи Марказӣ аз рафтан ба маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла ошхонаҳо худдорӣ мекунанд. (видео)
- Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомон дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд? Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 рӯҳониро аз шаҳру навоҳии мухталиф ба курси серӯзаи бозомузӣ ё такмили ихтисос ҷалб намудаанд. Ин иқдом аз сӯи Кумитаи дин сурат гирифта, намояндагони ин ниҳод бовар доранд,ташкили чунин курсҳо барои рӯҳониён муҳим аст (видео)
- Матвеева: Тоҷикистон намехоҳад, робитаҳоро бо Русия бад кунад. Таҳаввулоти охир дар робитаҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла баёнияҳои Душанбе дар бораи бадрафтории мақомоти рус бо муҳоҷирони тоҷик ва эътирози расмӣ ба Русия аз аломатҳои тира шудани робитаҳои ду кишвар аст. Cабаби бад шудани муносибатҳо ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” аст, ё чизи дигар? (видео)
- “Ба мардуми тоҷик гӯед, ки ҳоло ба Русия наоянд”. Марзбонҳои Русия дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав ба садҳо муҳоҷири тоҷик иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодаанд. Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани навор рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “акнун бовар кардед? Ба мардуми Тоҷикистон гӯед, ки ҳоло наоянд.” (видео)
- Гирифтани патент дар Санкт-Петербург хеле душвор шудааст. (видео)
- Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия банд мондаанд. Зиёда аз 300 нафар бо мошину автобус аз Тоҷикистон ба Қазоқистон расида, аммо ду рӯз боз наметавонанд вориди хоки Русия шаванд. Марзбонони рус дар як рӯз танҳо ба 5-6 мошин иҷозаи гузаштан медиҳанд (видео)
- "Хонаеро, ки президент дод, аз мо мегиранд". Аъзои оилаи як марзбони пешин дар Душанбе шикоят доранд, ки мақомот “беасос” онҳоро аз манзили хидматӣ берун мекунанд. Қарори Додгоҳи ҳарбӣ содир шудааст (видео)
- Чаро нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ҷойи баҳсу даъвост?
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пуриданд, сабаби баҳсу даъво дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чист? (видео)
- Бонувони наққоши тоҷик ҳунарашонро нишон доданд. Дар Душанбе наққошиҳои 50 бонуи тоҷикро дар намоишгоҳе ба тамошо гузоштанд. Мавзӯи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар оилаву ҷомеа меҳвари эҷодиёти бисёре аз онҳо аст (видео)
- Бохтар: Раиси нав ваъда дод, сокинон чӣ мегӯянд? Бо иваз шудани раиси шаҳр оё Бохтар тоза шудааст? (видео)
- Ширкати марбут ба домоди Мирзиёев аз воридоти газ ба Узбекистон миллионҳо доллар даромад кардааст (видео)
- Дар Қазоқистон қурби доллар ба сатҳи нави рекордӣ расид (видео)