Ссылки доступа

Дар Киев ду муҳофизи Зеленскийро бо гумони сӯиқасд ба ҷони ӯ ҳабс карданд


Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки ду сарҳанги Раёсати муҳофизати давлатиро бо гумони омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷониби президенти Украина Владимир Зеленский ҳабс кардааст. Ба иттилои мақомоти иктишофии Украина, сӯиқасд аз сӯи хадамоти махсуси Русия таҳия мешуд.

Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, сарҳангҳои боздоштшуда шомили шабакаи агентҳои Хадамоти федеролии амнияти Русия буданд, ки ин шабака қатли Зеленский ва дигар роҳбарияти олии сиёсиву низомии Украинаро омода мекарданд.

XS
SM
MD
LG