Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба Маскав меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паради низомӣ дар шаҳри Маскави Русия, ки 9 май баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии Кремл рӯйхати меҳмонҳоеро нашр карда, ки қарор аст, дар паради низомии Маскав иштирок кунанд. Дар миёни онҳо номи Мирзиёев низ ҳаст.

Манбаъ афзуда, ки раҳбарони Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар чорабинии мазкур иштирок мекунанд.

Иштироки президенти Узбекистон дар паради низомии Маскав то ҳол расман тасдиқ нашудааст.

Президенти Русия Владимир Путин 3-юми май ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва маъракаи бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG