Дар шарҳи қарор омадааст, ки "содироти шакар ба хориҷ аз Қазоқистон ба хотири таъмини доимии бозори дохилӣ" манъ карда мешавад.
Бар асоси ин қарор, содироти шакар аз Қазоқистон ба кишвари севум, аз ҷумла ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ,ки Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия узви онанд, манъ мешавад.
Хадамоти матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар додаааст, ки қарори мазкур ба транзити байналмилалии шакар дахл надорад.
Ҳукумати Қазоқистон моҳи майи соли 2022 низ дар пасманзари камчин шудани шакар содироти онро барои шаш моҳ манъ карда буд.