Бахши нақлиёт ва рушди зерсохтори роҳу нақлиёти шаҳри Бишкек дар номаи расмӣ ба фаъолон гуфтааст, троллейбусҳоро мумкин аст, ба шаҳрҳои Ӯш, Қара-Балта ва Токмак диҳанд.
"Айни замон харидории электробусҳо дар баррасӣ аст", - омадааст дар номаи мақомоти шаҳри Бишкек.
Ин ниҳоди шаҳрдории Бишкек гуфтааст, бо кумаки Бонки рушди Осиё 120 электробус харида хоҳад шуд.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳрдории Бишкек гуфта буданд, ки нахустин электробусҳо нимаи аввали соли 2024 ба Бишкек хоҳанд расид.