Ба гуфтаи вай, айни замон Қирғизистон аз ҷиҳати ҳамлу нақл дар "бунбаст" қарор дорад ва барои рафтан ба кишварҳои дигар аз роҳҳои оҳани Русияву Қазоқистон истифода мебарад. "Вақте ки роҳи оҳан сохта шуд, мо метавонем, ба ҷаҳон бароем. Ин роҳи худи мо хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов.
Искандар Шаршеев, иқтисоддон ва таҳлилгар дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, роҳи оҳан ба Қирғизистон фоидаҳои иқтисодии зиёд меорад. Барои мисол, робитаҳои нақлиётии Қирғизистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқи Осиё, инчунин Аврупо тақвият мебахшад. Ба илова, тарҳи мазкур ҷойҳои нави корӣ муҳайё мекунад.
Бо ин вуҷуд таҳлилгар мегӯяд, бе кумаки сармоягузорони бузурги ҷаҳониву минтақаӣ, инчунин ёрии ниҳодҳои молии байналхалқӣ Қирғизистон аз уҳдаи сармоягузории сохтмони ин роҳ намебарояд.
Арзиши ин тарҳ, ки 311 км-ро дар бар мегирад, аз 4,7 млрд доллар иборат аст.