Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин бора рӯзи 6-уми май баромад.
Раҳимзода то ин дам дар мақоми муовини раиси Оҷонс кор мекард. Дар гузашта сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Дилшод Саидзода, ки аз ӯ писари Мурод Саидов, муҳофизи Эмомалӣ Раҳмон, ном мебаранд, муовини вазири молия таъйин шудааст. Вай дар соли 2020 узви вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе интихоб шуда, ҳамзамон дар Вазорати молия кор мекард.
Рӯзи 6-уми май дар чанд намояндагии Тоҷикистон дар хориҷа ва идораҳои дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Мирзошариф Ҷалолов, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Ҷопон буд, бо сабаби "гузаштан ба кори дигар" аз мақом озод шуд. Ба ҷойи ӯ Фарҳод Салимро гузоштаанд. Фарҳод Салим дар мансаби муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Дар гузашта намояндаи расмии Тоҷикистон дар Амрико буд.
Хисрав Соҳибзодаро аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қатар озод ва ба ҷойи ӯ Нурмурод Маҳмадалиро таъйин карданд. Юсуф Шарифзода дар Покистон ва Парвиз Мирзозода дар Миср сафир шудаанд.
Ҳабибулло Назарзода бо қарори ҳукумат раиси нави Оҷонси ҳавонавардӣ таъйин шуда, Шералӣ Хоҷазода мудири Оҷонси ҳифзи мероси таърихию фарҳангии кишвар гардид.
Аз оғози моҳи январи имсол дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад. Намояндагони мухолифон онро бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ва содиқ ба ҳукумати ҳозира медонанд.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, чанде пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."