"Возеҳ аст, ки гуфтугӯҳо бидуни иштироки Русия ғайриимкон аст. Албатта, дар ин равандҳо бояд ҳамеша фикри Русия ба инобат гирифта шавад. Мо омода ҳастем, ки на миёнарав бошем, балки минбар ва шароитро барои он муҳайё созем", - изҳор доштааст сафири Қазоқистон дар Русия.
Дипломати қазоқ дар робита ба конфронс бо ташаббуси Швейтсария, ки ба он Русия даъват нашудааст, афзудааст, "бидуни ба инобат гирифтани назари ҷониби Русия ба кадом як созише расидан хеле мушкил ва ҳатто номумкин аст".
Конфронс дар бораи Украина бо ташаббуси Швейтсария миёнаҳои моҳи июни имсол баргузор шуда, ба он намояндагони беш аз 160 давлат даъват шудаанд. Вале Русия ба он даъват нашудааст. Киев имкони гуфтугӯро бо Маскав рад мекунад.
Қазоқистон қаламравҳои ғасбшудаи Украинаро расман ҷузъи Русия эътироф накардааст ва ҳамчунин аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина на ҷонибдорӣ ва на маҳкум кардааст. Аммо ба гуфтаи рӯзноманигорони таҳқиқотгар, Русия ба хотири давр задани таҳримҳои Ғарб ҳампаймонони худ, аз ҷумла Қазоқистонро истифода мекунад.