Бишимбоев аз мушовирони халқӣ, ки парвандаи ӯ бо иштироки онҳо баррасӣ мешавад, дархост кард, то "воқеъбинона ва беғаразона" баҳо диҳанд.
"Амалҳои ман боиси марги шахси дӯстдоштаам ва ғаму андуҳи волидони ӯ гаштанд. Ман марги ҳамсарамро намехостам ва чунин натиҷаро ҳам таваққуъ надоштам. Ман ҳечгоҳ марги касеро нахостаам", - изҳор дошт вай дар додгоҳ.
Вазри пешини қазоқ гуфт, худро гунаҳкор меҳисобад, вале дар на дар куштор.
Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон гӯиё ба фишорҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дода шуданд ва тафтишот бо тамоюли айбдоркунӣ анҷом шудааст.
Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро додгоҳи шаҳри Остона 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Аз рӯи ин иттиҳом Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.
Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоев айбҳои эълоншударо рад кард.
Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.