Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ: "Сӯҳроб Зафар эҳтимол ба Тоҷикистон бурда шудааст"


Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Се созмони байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки боздошти Сӯҳроб Зафар, раҳбари нопадидшудаи "Гурӯҳи 24"-ро тасдиқ карда, айни замон ӯро фавран раҳо кунанд.

Изҳороти Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ (Norwegian Helsinki Committee) ва Ҳамкорнии Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи башар (International Partnership for Human Rights) рӯзи 3-юми май нашр шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, ба хабари дарёфтии онҳо, Сӯҳроб Зафар ба эҳтимоли зиёд дар боздоштгоҳе дар Тоҷикистон аст ва дар онҷо шиканҷа шуда, аз хидмати пизишкон маҳрум аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардаанд.

"Хабарҳои ташвишовар мерасанд, ки Сӯҳроб Зафар дар пайи шиканҷа аллакай имкони роҳгардиро аз даст додааст," – гуфт Сийнат Султоналиева, пажуҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch).

Вай афзуд, "ҳукумати Тоҷикистон бояд боздошт ва макони нигаҳдории Сӯҳроб Зафар, инчунин, иддаои шиканҷа шудани ӯро фавран таҳқиқ кунад." Дар идома аз мақомот хоста шудааст, ки тамоси Сӯҳроб Зафарро бо хонавода ва дастрасии ӯро ба муолиҷа ва вакили мустақил фароҳам намоянд.

Сӯҳроб Зафар, ки аз соли 2014 дар Туркия мезист, моҳи марти имсол ба таври мармуз дар шаҳри Истанбул нопадид шуд. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд.

Ҳамсафонаш мегӯянд, ин дафъа дар куҷо будани ӯ дақиқ нест. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ҳеч шарҳ надоданд. Додситонии Туркия ва намояндагиҳои расмии ин кишвар дар Аврупо ба номаи масъулони "Гурӯҳи 24" посух надода, се вакили мудофеъ ҳамкориро дар қазияи фаъолони нопадидшуда рад кардаанд.

Яке аз пайвандони Сӯҳроб Зафар дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи дар куҷо будани ӯ хабар надорем ва касе ҳам чизе нагуфт". Радиои Озодӣ дар пайи нопадид шудани Сӯҳроб Зафар барои дақиқ кардани қазия ба Додситонии кул нома фиристода, вале то ҳол ба суолҳои худ посух нагирифтааст.

Намояндагони се созмони байнулмилалӣ мегӯянд, Сӯҳроб Зафар мақоми паноҳҷӯйи UNHCR дошт ва дар Туркия ба таври иҷборӣ нопадид шуд.

Мариус Фоссум аз Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ мегӯяд, Туркия дар навбати худ "амали ғайриқонунӣ"-ро, ки ҳосилаш "маҷбурӣ ба Тоҷикистон бурдани Сӯҳроб Зафар" аст, "ҳамаҷониба бисанҷад".

"Сӯҳроб Зафар бояд то анҷоми муҳокимаи одилона озод карда шавад. Ба ӯ барои поймол шудани ҳуқуқаш дар натиҷаи ихроҷи иҷборӣ ба Тоҷикистон бояд ҷуброн бипардозанд," -- мегӯяд ӯ.

Аз ин пеш, дар моҳи феврали имсол, Насимҷон Шарифов, намояндаи 39-солаи "Гурӯҳи 24", низ дар Истанбул бедарак шудааст. То ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.

Тақрибан даҳ сол пеш Туркия барои паноҳҷӯёну фаъолоне, ки маҷбур буданд кишвари худро тарк кунанд, яке аз маконҳои бехатар ба ҳисоб мерафт. Барои сафар ба ин кишвар маҳдудияте вуҷуд надошт ва хатари истирдод ба ватан кам буд. Ҳоло вазъ дигар шудааст.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG