Ссылки доступа

Дар Тошканд ҳамкории Қирғизистону Узбекистон баррасӣ мешавад


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар доираи як сафари корӣ ба Узбекистон рафтааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти девон, Жапаров рӯзҳои 2-3 май дар Анҷумани III байналмилалии сармоягузории Тошканд ва ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба иштирок мекунад.

Ба ҳайати ҳукумати Қирғизистон муовини раиси девони вазирон, вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Бакит Торобоев, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент Муродбек Азимбоқиев, сафири Қирғизистон дар Узбекистон Мусо Жаманбоев ва вазири энергетикаи он кишвар Таалайбек Ибраев шомиланд.

Ҷаласаи пешини комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба моҳи августи соли гузашта дар Чолпон-Ота баргузор шуда буд.

Мақомоти Узбекистону Қирғизистон гуфта буданд, ки то охири соли 2022 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 32 дарсад афзоиш ёфта, ба сатҳи рекордӣ, 1 миллиарду 260 миллион расидааст.

XS
SM
MD
LG