Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як хонанда дар ҳоҷатхона то дами марг латтукӯб шудааст


Як хонанда дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон баъди латтукӯб ҷон бохтааст.

Рӯзноманигор Даниёр Олимқул дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дода, ки ҳодиса дар дохили ҳоҷатхонаи сарироҳии мактаби ба номи Олтинсарини ноҳияи Байзаки Ҷамбил рух додааст.

Идораи маорифи Байзак хабар додаааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия 30 апрел дар робита ба ҳалокати хонандаи синфи 8 парванда боз кардаанд ва зидди раҳбарияти муассисаи таълимӣ тафтишоти хидматӣ оғоз шудааст.

Пулиси Байзак мегӯяд, дар робита ба марги хонанда як ноболиғро дастгир ва ҳабс кардааст.

XS
SM
MD
LG