Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ин тасмим ба далели "таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти ҷамъиятӣ" гирифта шудааст.
Пештар Вазорати дифои Қирғизистон ҳам хабар дода буд, ки рӯзи 9 май дар шаҳри Бишкек паради низомӣ баргузор намешавад.
"Бессмертный полк" ё "Полки абадӣ" як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо аксҳои бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад. Ҳадафи аслӣ аз он арҷгузорӣ ба заҳмати сарбози ҷанг ва қурбониҳои ӯ дар ин муқовимат бо Олмони нозӣ аст.