Вазорати адлияи Узбекистон иттилоъ дода, ки нархи моҳонаи нигоҳубини кудакон дар боғчаҳои давлатии ин кишвар аз 1 июни имсол 18,7%-21% ва аз 1 январи соли оянда 8,5−10,8% боло бурда мешавад.
Сокинони шаҳри Тошканд аз 1 июни имсол барои як кудак ба ҷойи 206 ҳазор сӯми пешин ($16) 247 ҳазор сӯм ($19) ва аз 1 январи соли оянда 272 ҳазор сӯм ($21) пардохт хоҳанд кард.
Сокинони марказҳои маъмурии вилоятҳои Узбекистон аз 1 июн ба ҷойи 199 ҳазор сӯм ($15) 239 ҳазор сӯм ($19) ва аз 1 январи соли оянда 263 ҳазор сӯм ($21) пардохт мекунанд.