Ссылки доступа

Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаров​ озод шуд


Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаров, ки дар хиёнат ба давлат айбдор эълом гашт, шаби 25 апрел озод шуд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахан Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, вале ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор ӯро озод кард.

Додгоҳ парвандаи Мадумаровро пушти дарҳои баста баррасӣ кард.

Раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон"-ро рӯзи 2 сентябри соли 2023 неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карда буданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфта буд, ки Мадумаров дар "хиёнат ба давлат" муттаҳам мешавад. Убалиева тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст. Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро "сиёсӣ" меномад.

XS
SM
MD
LG