"Ҳама гуна гумонзаниҳо ва талқинҳо, сарфи назар аз он ки аз ҷониби кӣ сурат мегиранд, бо вокуниши шадиди ҷомеа ва посухи муносиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳама гуна кушиши ҷудоисозӣ дар миёни ҷомеаи мо бояд қатъан саркӯб шавад", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Тоқаев, ҷалби қазоқистониҳо ба ҷангҳои иттилоотии дигарон ва тарғиби бадбинӣ барои суботу оромии ҷомеаи Қазоқистон хатари ҷиддӣ дорад.
Ин нуктаро Тоқаев 25 апрел дар иҷлосияи 33-уми Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, ки дар пасманзари обхезиҳои ахир дар кишвараш баргузор шуд, баён дошт.
Дар натиҷаи ин обхезиҳо беш аз аз 100 ҳазор сокини Қазоқистон хонаҳои худро тарк карда, даҳҳо минтақаи аҳолинишин дар инзивоъ монданд.