Ссылки доступа

Радди шикояти Лутфуллои Назримад ва талаби ҳабси абад барои омилони ҳамла ба "Крокус"


Лутфулло Назримад
Лутфулло Назримад

Додгоҳи шаҳри Маскав шикояти Лутфуллои Назримад, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро рад кард.

Ин зодаи Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба маҷмааи "Крокус Сити"-и Маскав дастгиру ҳабс шудаст. Ӯ қаблан аз қарори ҳабсаш ба Додгоҳи шаҳри Маскав шикоят карда буд.

Аммо ин додгоҳ 24-уми апрел шикояти Лутфуллои Назримадро рад ва қарори ҳабси ӯро то 22-юми май бетағйир гузошт.

Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо пулис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шудааст.

Азбаски он замон мурофиа паси дарҳои баста гузашта буд, мавқеи худаш маълум набуд. Дар зодгоҳаш ба дурустии он шубҳа доранд.

Аз ин қабл, яке аз гумонбарони дигар, Муҳаммадзоир Шарифзода рӯзи 8-уми апрел нисбат ба қарори Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав дар мавриди ҳабсаш шикоят карда буд. Аз он пеш се нафар, падару писар Исломовҳо, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят карда буданд, вале Додгоҳи Маскав даъвои онҳоро напазируфт.

Шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоле рад мешавад, ки рӯзи 24-уми апрел масъалаи ҳамла ба "Крокус" дар Думаи давлатӣ ва ҳангоми гузориши Додситони кулли Русия баррасӣ шуд.

Ирина Яровая, муовини раиси Дума талаб кард, то афроде, ки аз хориҷ дар ҳамла ба "Крокус" даст доштанд, ба ҳабси абад маҳкум шаванд. Яровая аз ҳеч гуруҳ ё кишваре ном набурд.

Бо вуҷуди онки гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифта, навори ҳамларо пахш кард, Маскав Украинаро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам мекунад. Киев даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кардааст.

Дар робита ба ҳамлаи "Крокус" 11 нафар дастгир шудаанд, ки даҳ нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG