Боздоштшудаҳо дар фасодкорӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо кормандони Нозироти андози ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек мебошанд.
"Кормандони Хадамоти давлатии андоз дар ҷои махсус, ки дурбини назоратӣ надорад, аз соҳибкорон барои ҳалли баъзе аз масъалаҳои андозбандӣ мунтазам пул меситонидаанд", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Тафтишот ҳолатҳои зиёди порагирии нозиронро аз соҳибкорон ошкор кардааст. Боздоштшудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.