Ссылки доступа

Узбекистон дар ҳаҷми $2,6 млрд тило содир кардааст


Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Узбекистон дар ҳаҷми 2 млрд 664 млн доллар ба хориҷ тило содир кардааст.

Ба иттилои Оҷонси омори назди президенти Узбекистон, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5% бештар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта Узбекистон ба хориҷ дар ҳаҷми 2,4 млрд доллар тило содир карда буд.

Пештар аз ин Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тило (World Gold Council) хабар дода буд, ки Узбекистон бо содир кардани 12 тона тило дар моҳи ферал дар дунё мақоми аввалро дар содироти тило касб кардааст.

XS
SM
MD
LG