Ссылки доступа

"Норак"-ро ба вазири бритониёӣ нишон доданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Норак"-ро ба вазири бритониёӣ нишон доданд. Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш ба нерӯгоҳи барқи обии "Норак" блогеронро бурда, нишон дода буданд, ки сатҳи об поин шудааст ва сабаби камбуди нерӯи барқ маҳз ҳамин аст. Рӯзи 22-юми апрел ба онҷо вазири корҳои хориҷии Бритониё Дэвид Кэмеронро бурданд. Барои чӣ? Дар навор бинед. (видео)

- Тағйири иқлим сокинони Тоҷикистонро бехона мекунад. Борону сел ба даҳҳо хонавода дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Темурмалику Восеъ осеб расондааст. Ҳар сол ба сабаби фалокатҳои табиӣ чандин нафар хонаву зодгоҳи худро тарк карда, ба минтақаҳои амн мекӯчанд. Чӣ гуна? (видео)

- Салом, хоҳар. Дар чандсолагӣ шавҳар кунем? (видео)

- Муҳоҷир дар Русия чӣ гуна терроризмро ба дӯш гирифт?Муҳоҷири қирғизистонӣ Илҳом Мирзомаҳмудовро дар Русия маҷбур кардаанд, ки гуноҳи ҳамдастӣ бо террористонро ба дӯш гирад. Ба гуфтаи хонаводааш, шоҳидон низ зери фишор ба баёноти зидди ӯ имзо гузоштаанд. (видео)

- Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия. Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?Бо гузашти як моҳ аз ҳамлаи террористӣ дар "Крокус"-и Маскав мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба таври назаррас афзудааст. (видео)

- Дар Қазоқистон онҳоеро, ки мақомотро барои обхезӣ танқид карданд, ҳабс ва ҷарима мекунанд. (видео)

- Донишманди рус: "Тоҷикон бояд садо баланд кунанд". Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар Маскав рӯзи муҳоҷирони тоҷик дар Русия "сиёҳ" шуд. Бадрафторӣ бо онҳо авҷ гирифт ва озору азият ба ҳар баҳона маъмулӣ гашт. Радиои Озодӣ дар ин бора бо Наталя Зотова, корманди Донишгоҳи тиббии ба номи Алберт Эйнштейн дар Ню-Йорк сӯҳбат кард. (видео)

- "Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро, дидан намехоҳанд". "Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро дидан намехоҳанд." Азиза, як муҳоҷири қирғизистонӣ, ин ҷумларо аз пулиси Русия ва ҳамчун далели ронда шуданаш аз хонаи иҷора шунидааст. Мо барои амнияти ӯ ному садояшро тағйир додем. (видео)

- Нуҳ сол гузашт, чаро Сайҳун шаҳрак нашуд? Заминҳои хушку холӣ, роҳҳои хароб, хонаҳои нимасохта, маҳаллаҳои камодам ва бе мактабу пизишк (видео)

- Боз як паноҳҷӯйи тоҷик аз Полша ихроҷ шуд (видео)

- Пас аз ҳамлаи Эрон ба Исроил нархи нафт чанд шуд? Акси садои ҳаргуна болоравии қимати нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад (видео)

- Занозании муҳоҷирон дар ду шаҳри бузурги Русия. Пулиси Русия як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбекро, ки барои масолеҳи сохтмонӣ ҷанҷолу занозанӣ кардаанд, дастгир намудааст. Ҳодиса охири ҳафтаи гузашта дар маҷмааи сохтмонии "Метроном" дар шарқи Маскав рӯй дод. (видео)

- Беш аз даҳ тоҷикро ба Гурҷистон роҳ надодаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар наворе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки марзбонҳои Гурҷистон онҳоро ба ҳудуди ин кишвар роҳ надода, аз фурудгоҳи Тбилиси (Тифлис) пас гардонданд (видео)

- Селу обхезӣ ба сари мардуми Русияву Қазоқистон бало овард. Мардуми зиёде дар Қазоқистону Русия ҷабри обхезиҳои зиёдеро мекашанд, ки аз саввумин рӯдхонаи дарози Аврупо сар зад. Рӯдхонаи Урал, ки аз соҳилҳояш берун шуд, қисме аз шаҳри Оренбурги Русиро зери об ва тақрибан 110 ҳазор нафарро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кард. (видео)

- Чаро тоҷикон кайҳоннавард надоранд? 12 апрел дар қаламрави собиқ шӯравӣ чун рӯзи кайҳоннавардон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1961 Юрий Гагарин аввал шуда ба кайҳон парвоз кард (видео)

- Рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад? Як ниҳоди байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки ба сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар ду соли наздик, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад (видео)

- Саргузашти Сулаймон Давлатов: чаро мухолифи тоҷикистониро дар Литва боздошт карканд? (видео)

- Ширкати Қулибоевро аз амволи гаронбаҳо мехоҳанд, маҳрум кунанд. Чӣ ҳодиса мегузарад? (видео)

- Сокинони Петропавловск дар Қазоқистон дар интизори обхезӣ (видео)

- Даҳ моҳ дар саросари дунё пайопай гармои рекордӣ сабт мешавад: чӣ оқибат хоҳад дошт? (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG