Ссылки доступа

Соҳикбори қирғиз Имомуддин Тошев ба ҳабс гирифта шуд


Тоҷир ва молики ширкати сохтмонии "КЖ гуруҳ"-и Қирғизистон Имомиддин Тошев, ки ахиран боздошт шуда буд, бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз толори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек иттилоъ дод, ки Тошев то 22 май дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон рӯзи 22 апрел хабар дод, ки Тошев дастгир шудааст.

Ин ниҳод гуфт, Тошевро дар деҳаи дар вилояти Чуйи он кишвар боздошт кардаанд. Мақомоти Қирғизистон ӯро бо гумони "сӯиқасд ба ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ" дар пайгард эълом карда буданд.

Тошев аз моҳи январи соли 2024 дар пайгард қарор дошт. Тошев охири моҳи декабри соли 2023 хабар дода буд, ӯро афроде боздошт кардаанд, ки худро кормандони КДАМ муаррифӣ карда буданд. Он афрод ӯро ҳашт рӯз худсарона нигаҳ дошта, аз вай 100 млн сом талаб кардаанд. Ба нақли Тошев, ӯро таҳдид кардаанд, ки дар ғайри сурат ширкати сохтмониашро ғасб хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG