Ба иттилои манбаъ, 51,1 дарсади ин қазоқтаборон зодагони Чин, 31,9 дарсад аз Узбекистон, 6,4 дарсад аз Туркманистон, 5,4 дарсад аз Муғулистон, 3,7 дарсад аз Русия ва 1,5 дарсад аз кишварҳои дигар баргаштаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, 59,1 дарсади кандасҳоро афроди қобили меҳнат ташкил дода, 31,7 дарсад ноболиғ ва 9,2 дарсад нафақахӯранд.
Аз соли 1991 наздики 1 миллиону 132,7 ҳазор қазоқтабор ба Қазоқистон баргаштааст.
Қазоқтаборе, ки мақоми кандасро дарёфт кардааст, бо навиштани як ариза шаҳрванди Қазоқистон мешавад.