Дар маркази матбуотии президенти Қирғизистон гуфтанд, Содир Ҷабборов дар ин сафар бо ҳамтои озарбойҷониаш Илҳом Алиев гуфтугӯ мекунад.
"Ҳамчунин баргузории ҷаласаи дувуми Шӯрои байнидавлатӣ дар назар аст. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар маросими оғози сохтмони мактаб дар деҳаи Хидирлӣ ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.
Ҷабборов моҳи ноябри соли 2023 низ ба Озарбойҷон рафта буд.