Ссылки доступа

Радиои Озодӣ ва вазорати хориҷаи Қазоқистон ба созиш расиданд


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар мавриди танзими иҷозатномаи кори хабарнигорони ин радио бо вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба созиш расиданд.

"Мо аз созиши мазкур бо вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол мекунем", - омадааст дар изҳороти президент ва мудири иҷроияи Радиои Озодӣ Стивен Капус.

"Давоми ин муддат ҳамаи ин он чизе ки мо мехостем, он буд, ки хабарнигорони мо тавонанд, бе гузашт кардан ва дар амнияту бехатарӣ кори муҳими худро дар Қазоқистон анҷом диҳанд. Мо ҳамоно талош мекунем, ки барои мухотабон гузоришҳои мустақилона ва боэътимод пешниҳод кунем ва ман бовар дорам, ки ин созиш барои анҷоми ин кор мусоидат хоҳад кард", - гуфт Стивен Капус.

Моҳи январи соли ҷорӣ вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба 36 хабарнигори Радиои Озодӣ дар он кишвар иҷозатномаи кор надод. Радиои Озодӣ барои баррасии ин масъала ба додгоҳ шикоят бурда буд.

XS
SM
MD
LG