Ссылки доступа

Раҳмон Бритониёро "шарики муҳими Тоҷикистон" дар Аврупои Ғарбӣ донист


Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, сафарашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми апрел аз Тоҷикистон оғоз кард.

Нашрияи "The Independent" навишт, "ӯ барои тақвияти ҳамкории Бритониё бо минтақа талош мекунад. Он ҳам дар пайи нигарониҳо аз таҳримҳои молӣ ба зидди Русия, ки мумкин аст тавассути ҳамсояҳои ин кишвар давр зада шаванд."

Кэмэрон то ин дам бо вазири корҳои хориҷӣ ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард. Тафсилоти суҳбатҳои ӯ дастрас нест. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон Бритониёро "шарики муҳими Тоҷикистон дар Аврупои Ғарбӣ" донистааст.

Ӯ гуфтааст, "кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Бритониё таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд." Ба гузориши ҳамин манбаъ, "Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши робитаҳои Тоҷикистону Бритониё ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард."

Ҷалби сармоя, мушкили обу иқлим, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи субот дар минтақа аз мавзуъҳои дигари мулоқоти ҷонибҳо будааст. Маълум нест, оё вазири корҳои хориҷии Бритониё бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Русия ва таҳримҳои зидди он суҳбат кардааст ё не.

Худаш дар паёме қабл аз сафар гуфтааст, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон “низоми ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва маориф”-ро баррасӣ мекунад ва афзудааст, ки “мо имкониятҳои бисёр дорем ва бояд аз онҳо якҷоя истифода барем".

“Мубориза бо коррупсия ва кафолат додани он ки минтақа роҳи пинҳонии саркашӣ аз таҳримҳо нест, як мисоли амалии он аст, ки чӣ гуна мо метавонем якҷоя ҳамкорӣ кунем. Ба ҳамин монанд, бояд ҳамкориҳои афзояндаи худро дар соҳаи амният таҳким бахшем. Ин ба мо кумак мекунад, ки ба таҳдиди афзояндаи шохаи Хуросони ДОИШ муқобилат кунем,” – афзудааст ӯ.

Бритониё яке аз кишварҳое аст, ки баъд аз ҳамлаи бедалели Русия ба хоки Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кард. Мақомҳои кишварҳои ғарбӣ борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳампаймони Маскав ҳастанд, ҳушдор додааст, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накунанд.

То ин дам Вазорати молияи Амрико чанд ширкат аз Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистонро барои кумак ба Русия, шомили рӯйхати таҳримҳо карданд.

XS
SM
MD
LG