Ссылки доступа

Ба қирғизистониҳо тавсия шуд, ба Ховари Миёна нараванд


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 19 апрел ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз рафтан ба Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил, Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон ва Фаластин муваққатан худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод сабаби тавсияи худро "муташанниҷ боқӣ мондани вазъ дар минтақа номидааст.

"Ҳамзамон аз шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои мазкур қарор доранд, даъват мешавад, то муътадил шудани вазъ чораҳои амнияти шахсиро тақвият бахшанд", - гуфта шудааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат афзуда, ки қирғизистониҳо дар ҳолатҳои зарурӣ метавонанд бо телефонҳои боварии сафорати ин кишвар дар Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Кувайт тамос гиранд.

Эрон рӯзи 14-уми апрел дар посух ба ҳамлаҳои гуногуни Исроил, аз ҷумла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва кушта шудани шуморе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон, ба Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.

Дар пайи ин ҳодиса Телавив гуфт, ки ҳамлаи Теҳрон бепосух намемонад ва тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Исроил 19 апрел ба Эрон ҳамла кардааст.

XS
SM
MD
LG