Ба иттилои ин ниҳод, фурӯши аъзоро "К.А.К.", яке аз боздоштшудаҳо дар ҳамоҳангӣ бо "З.Р.З" ба роҳ мондааст.
""К.А.К." ба пайдо кардани муштарӣ дар беморхонаҳои хориҷ машғул буд. Дар дохили Қирғизистон аъзои дигари гуруҳ касонеро пайдо мекарданд, ки дар ивази маблағ аъзои дарунии худро мефурӯхтанд", - хабар додааст КДАМ Қирғизистон.
Ин гуруҳ бо роҳи тақаллуби аснод фурӯшанда ва харидори узвҳои инсонро хешованди ҳамдигар нишон медодаанд.
"Фурӯшандаҳои аъзо барои як гурда ба ҳисоби миёна аз 1 то 7 ҳазор доллар дарёфт мекардаанд. Миёнаравҳо то 3 ҳазор доллар ва ҳиссаи асосии ин маблағ - аз 30 то 70 ҳазор долларро ташкилкунандагони "тиҷорат" соҳиб мешудаанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Гумонбарон "К.А.К." ва "З.Р.З" рӯзи 17 апрел дар фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек боздошт шудаанд.