Мутахассисони НАТО бо фаъолияти Маркази мазкур шинос шудаанд.
"Баъди ин барои донишомӯзони марказ давраи омӯзишӣ ташкил шуд мутахассисон дар бораи омодасозии низомиён дар кишварҳои узви НАТО маълумот доданд. Давраҳои омӯзишии муштарак то 20 апрел давом мекунанд", - хабар додааст вазорати мудофиаи Узбекистон.
Узбекистон дар доираи барномаи "Шарикӣ барои сулҳ" ҳамкорӣ мекунад. Ин барнома омодасозии мутахассисони низомӣ, мубориза бо терроризм ва дигар хатарҳои байналхалқиро мадди назар дорад.