Дар иттилоияи бунёд гуфта шудааст, ки фаъолияти «Сорос-Қирғизистон» ба далели қабули қонун «Дар бораи намояндагони хориҷӣ» дар Қирғизистон, ки барои созмонҳои маҳаллии ғайридавлатии сармоягузоришаванда аз хориҷ маҳдудиятҳои зиёд пешбинӣ кардааст, қатъ хоҳад шуд».
Бунёди «Сорос-Қирғизистон»-ро «Ҷомеаи боз» соли 1993 таъсис дода буд. Дар бунёд гуфтанд, ки он дар давоми солҳои истиқлоли Қирғизистон ба тарҳҳое, ки аз сӯи ҳукумат ё ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар амалӣ гаштаанд, беш аз 115 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
«Ин лоиҳаҳо, аз ҷумла ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, дастрасӣ ба технологияҳои нави рақамӣ, ислоҳоти адолати судӣ ва низоми ёрии ҳуқуқӣ рабт доштанд», - афзудааст манбаъ.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 2 апрел хабар дод, ки қонун «дар бораи намояндагони хориҷӣ»-ро имзо кардааст.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки созмонҳои ғайритиҷорӣ дар Қирғизистон то қабули ин қонун дар ҷойе қайд намешуданд ва дар бораи фаъолияти худ ба ниҳоде ҳам ҳисобот намедоданд.
Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, «намояндаи хориҷӣ» эълон хоҳанд шуд.
Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи «агентҳои хориҷӣ» ташбеҳ мекунанд.