Ссылки доступа

Додситонии Қирғизистон қарори шаҳрдори Бишкекро дар бораи боғи "Отатурк" шарҳ дод


Додситони кулли Қирғизистон Курманкул Зулушев гуфт, қонунӣ будани қарори шаҳрдори Бишкек “Дар бораи тасдиқи ҳудуди боғи ба номи Мустафо Камол Отатурк” санҷида хоҳад шуд.

Ӯ дар ин бора 17 апрел дар ҷаласаи порлумонӣ изҳори назар кардааст. Ба гуфтаи Зулушев, шаҳрдори Бишкек Ойбек Ҷунушалиев назари худро баён кардааст ва додситонӣ қонунӣ будани қарорро хоҳад санҷид.

"Ҷанбаҳои зиёде ҳастанд, ки бояд тариқи додгоҳ ҳал шаванд. Вай танҳо назари худро баён кардааст", - изҳор доштааст додситони кулли Қирғизистон.

Ойбек Ҷунушалиев 16 апрел дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ҳамаи иншооте, ки дар боғи "Отатурк"-и пойтахти Қирғизистон ғайриқонунӣ бунёд шудаанд, тахриб карда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарор “Дар бораи тасдиқи ҳудуди боғи ба номи Мустафо Камол Отатурк” ҳама қарорҳои пешини шаҳрдори Бишкек, ки ба ҷудо кардани замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рабт доштанд, бекор карда шудааст.

Ҷунушалиев дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфтааст, қарори нав дар бораи боғи "Отатурк" бо раҳбарияти Қирғизистон мувофиқа шудааст.

XS
SM
MD
LG