Ссылки доступа

"Ӯро дар Тоҷикистон биҷӯед." Ихроҷи як паноҳҷӯи тоҷик аз Лаҳистон


Мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯйи 36-солаи тоҷик Фаррух Икромовро аз ин кишвари аврупоӣ рондаанд.

Фаъолони мухолифон мегӯянд, ӯ дар эътирози соли гузашта ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат дошт ва метарсанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа ва ба муддати дароз зиндонӣ хоҳад шуд.

Фаррух Икромов дар соли 2016 ҳамроҳи зану фарзандонаш Тоҷикистонро тарк кард ва дар Лаҳистон мезист. Вакили мудофеяш рӯзи 15-уми апрел ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Лаҳистон гуфтааст, “ӯро фиристоданд, дар дохили Тоҷикистон суроғ кунед.”

Шарҳи мақомоти Лаҳистон феълан дастрас нест.

Абдусаттор Бобоев, мудири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, мегӯяд, “дар Лаҳистон ба ӯ паноҳандагӣ надода буданд”.

“Ба ин далел чанд моҳ пеш ба Олмон рафт, аммо ӯро дубора аз онҷо ба Лаҳистон фиристоданд. Дар урдугоҳе нигаҳдорӣ мешуд. Рӯзи 10-уми апрел занг заду гуфт, ки аксашро гирифтаанд ва як рӯз баъд аз он телефонаш хомӯш шуд. Вакилаш гуфт, ӯро аз Лаҳистон ронданд,” – афзуд Абдусаттор Бобоев рӯзи 16-уми апрел.

Наздикони Фаррух Икромов мегӯянд, ӯ фаъолияти сиёсӣ надошт, аммо ҳамсараш узви Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Пас аз баста шудани ҳизб аз тарси таъқиб соли 2016 ба Лаҳистон кӯчидаанд.

Аз соли 2015 ба ин тараф гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун, дар Аврупо ва бахусус Лаҳистону Олмон паноҳанда шуданд.

Солҳои охир баъзе аз кишварҳои аврупоӣ чанд паноҳҷӯи тоҷикро аз қаламрави худ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳо дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз кишварҳои аврупоӣ даъват доранд, ки паноҳҷӯёнро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун хавфи шиканҷа ва зиндонӣ шудани онҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG