Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, рӯзи 14 апрел дар рафти санҷишҳо 64 шаҳрванди хориҷие ошкор шудааст, ки бе санади расмӣ ва қайди ҷойи зист дар он кишвар зиндагӣ мекардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати ин хориҷиҳо санад тартиб дода, онҳоро ҷарима бастааст ва қарор аст, ба зудӣ аз Қирғизистон ихроҷ кунад.
Шаҳрвандони Покистону Бангладеш ва Ҳинд барои таҳсил ва ҳам дарёфти кор ба Қирғизистон меоянд. Бино ба оморҳои расмӣ, танҳо аз Покистон ҳудуди 14 ҳазор кас дар Қирғизистон қарор дорад.