Ссылки доступа

Узбекистон парвоз ба Телавивро манъ кард


Ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" 15 апрел парвоз дар масири "Тошканд - Телавив"-ро ба далели вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна бекор кардааст.

Хадамоти ширкати "Uzbekistan Airways" иттилоъ дода, ки ин тасмим ба хотири баста будани ҳарими ҳавоии баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна ва бо назардошти қарори мақомоти авиатсияи Узбекистон барои таъмини амнияти парвозҳо гирифта шуд.

Аз муштариёни парвози бекоршуда даъват шудааст, ки ба намояндагиҳои ширкат дар дохил ва берун аз Узбекистон муроҷиат кунанд.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд ва онро "комёбии бисёр муҳими стратегӣ" хонданд.

XS
SM
MD
LG