Ссылки доступа

Туркманистониҳо барои тиҷорат асосан ба Узбекистон мераванд


Миёни хориҷиҳое, ки бо ҳадафҳои кориву тиҷорӣ дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ вориди Узбекистон шудаанд, шаҳрвандони Туркманистон дар ҷойи аввал қарор доранд.

Бино ба оморҳои расмӣ, дар ду моҳ бештар аз 12 ҳазор туркманистонӣ бо ҳадафи тиҷорӣ вориди Узбекистон шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми дувум ва Афғонистон дар мақоми севум қарор доранд. Дар ин давра аз Тоҷикистон 2937 ва аз Афғонистон 582 кас бо ҳадафи тиҷорӣ ба Узбекистон ворид шудааст.

Мақомоти Узбекистон хабар медиҳанд, ки дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 16,9 ҳазор кас бо мақсади тиҷорат ба Узбекистон ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG