Ссылки доступа

"Аз соли 2018 дар ҷустуҷӯ буд." Вокуниши ВКД ба боздошти ҷавони тоҷик дар Италия


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабари боздошти як шаҳрванди кишвар дар Италия вокуниш кард.

Дафтари матбуоти ВКД бегоҳи 9-уми апрел бо пахши иттилоияе гуфт, Илҳом Сайраҳмонзода бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Рум дастгир шудааст.

Дар иттилоияи вазорат омадааст, ин сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 2018 ба иттиҳоми ифротгароӣ ва террозим "дар ҷустуҷӯ қарор дошт". Мақомоти тоҷик бе овардани шарҳи бештар танҳо гуфтанд, талош доранд Илҳом Сайраҳмонзода ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Пулиси Итолиё ин шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 8-уми апрел бо иттиҳоми терроризм ва узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар фурудгоҳи Фиумичинои шаҳри Рум дастгир кард. Ӯ аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд ба инҷо омада буд.

Расонаҳо навиштаанд, ӯ ба қочоқи силоҳ дар Украина гунаҳкор шуда, дар моҳи июли соли 2023 дар Белгия низ боздошт гардид, вале зуд раҳо ёфт. Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел видеоеро нашр кард, ки маъмурони амниятӣ ҷавонеро, ки симояшро нишон намедиҳанд, ба идораи пулис мебаранд.

Ба қавли мақомоти Италия, Илҳом Сайраҳмонзода соли 2014 ба сафи ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия пайваста, дар ин муддат дар ҳоли фирор буд ва аз санадҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Украина истифода кардааст.

Дар бештар аз ду ҳафтаи охир боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони тарҳрезии ҳамла ва ё пайравӣ аз гурӯҳи ДОИШ афзудааст.

Мақомоти Русия ба гумони даст доштан дар ҳамлаи маргбори моҳи март ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав даҳ зодаи Тоҷикистонро ба ҳабс гирифтанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" пазируфт.

Аз ин пеш номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар се ҳамла дар қаламрави Эрон, омодагӣ ба даҳшатафканӣ дар Туркия, Олмон, Австрия ва Ҳолланд хабарсоз шуда буд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи марти имсол дар дидор бо рӯҳониён изҳор дошт, ки тайи се соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон "дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд".

XS
SM
MD
LG