Пойгоҳи “Алмирсаъд” рӯзи 9-уми апрел дар саҳифааш дар Твиттер ду ҷавонеро нишон дод, ки мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва дар Русия ба ДОИШ ҷалб шудаанд.
Зоҳиран таблиғоти “Толибон” мехоҳад, ин ҷунбиши ҳокимро дар Афғонистон мухолифи ашаддии ДОИШ вонамуд кунад, вале манбаъҳои дигар мегӯянд, ки ду тараф ҳамкории наздик доранд.
Дар навори бисёр таҳриршуда яке худро Сироҷиддин Давлатови 21-сола аз ноҳияи Восеъ ва дигарӣ худро Самеъҷон Файзови 21-сола аз шаҳри Кӯлоб муаррифӣ мекунанд.
Онҳо мегӯянд, аз Русия ба Туркияву Эрон ва сипас ба Афғонистон рафта, мехостанд ба шаҳри Кветтаи Покистон барои гирифтани дарси ҳарбӣ раванд, аммо Толибон дар вилояти Нимрӯз дастгир карданд.
Замони боздошти ду ҷавон маълум нест, вале ба навиштаи “Алмирсаъд” онҳо айни замон дар асорати “Толибон” ҳастанд.
Вокуниши мақомот дар Душанбе ва ё наздикони ду ҷавон ба навор маълум нест.
Баъд аз зуҳури ДОИШ дар соли 2014 садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳи ифротгаро дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон пайвастаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-уми марти имсол гуфт, “зиёда аз ҳазор нафаре, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.”