Ситоди фаврӣ дар вилояти Атирау хабар дода, ки чаҳор мошини боркаши ҳомили кумакҳои Қирғизистонро рӯзи чоршанбе қабул карданд.
Ҳаҷми кумакҳо 80 тоннаро ташкил медиҳад. Кумакҳоро муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Урматбек Шамирканов ба Қазоқистон бурдааст.
Мақомоти Қирғизистон 4 апрел хабар доданд, ки барои фиристодани кумаки башардӯстона ба минтақаҳои зарардидаи Қазоқистон дар пайи обхезӣ омодагӣ мебинанд.
Дар вилояти Атирауи Қазоқистон 7 апрел ба далели обхезӣ вазъи фавқулода эълом шуд. Даҳҳо ҳазор сокини ноҳияро ба ҷойҳои бехавф кучониданд.