Ссылки доступа

Дар Олмон фаъолони қазоқистонӣ зидди хушунати хонаводагӣ тазоҳурот карданд


Фаъолони қазоқистонӣ дар пасманзари баррасии парвандаи Куандик Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди Қазоқистон, ки ба куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад, зидди қатл ва хушунати хонаводагӣ дар пойтахти Олмон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

"Мушкили хушунат на танҳо дар Қазоқистон, балки дар минтақа соли аввал нест, ки вуҷуд дошат бошад. Мутаассифона, ҳодисаи Нукунова (Салтанат Нукунова - ҳамсари кушташудаи Бишимбоев) аввалин ва охирин низ нест. Давоми солҳои охир, қурбониёни зӯроварӣ бештар ҷуръат пайдо карда, эътироф мекунанд, ки нисбат ба онҳо хушунат шудааст. Дар кишвари мо баъзан бонувон шарм медоранд, ки бигӯянд, қурбони хушунат шудаанд", - изҳор дошт яке аз созмондиҳандагони ҳамоиш Симбат Серикова ба "Euronews".

Иштирокдорони ҳамоиш гуфтанд, хушунати хонаводагӣ дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам ҷиноят эълом нашудааст ва онҳо даъват карданд, ки вазири пешин набояд ба ҷазои сабуктар ё ғайризиндон маҳкум карда шавад.

Додгоҳи шаҳри Остона 27 март баррасии парвандаи вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоевро оғоз кард. Бишимбоев дар мурофиа нахустин худро бегуноҳ номида, гуфт, қасди кушторро надошт.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистонро 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буданд. Аз рӯи ин иттиҳом Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.

XS
SM
MD
LG