Ссылки доступа

Дарси тиҷорат ва мубориза бо фақр. Як мурғ чӣ гуна дуто шавад? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дарси тиҷорат ва мубориза бо фақр. Як мурғ чӣ гуна дуто шавад? Дар вилояти Хатлон, ки теъдоди мардуми фақир онҷо дар муқоиса ба дигар вилоятҳои кишвар зиёдтар аст, як барномаи наверо амалӣ мекунанд, то ин мардум даромади бештар ёбанду дигар чеҳраи шуми фақру қашшоқиро набинанд. Ба сокинон мурғ тақсим мекунанд, то парвариш карда, ба фурӯши тухм оғоз кунанд. (видео)

- Саропо ишқ, ё ин бачаҳоро дар хона нигаҳ надоред. Дар Тоҷикистон садҳо кӯдак ҳар сол бо синдроми Даун ба дунё меоянд. Баъзе аз падару модарон онҳоро дар хона нигаҳ медоранд, чун фикр мекунанд, ки мардум ба онҳо механданд. Дар ин филми мустанад аҳволи кӯдакону калонсолони гирифтори синдроми Даун дар Тоҷикистонро тасвир шудааст. (видео)

- Ҷамшед баъди солҳо фироқ падарашро дар Узбекистон ёфт. Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола баъд аз се даҳаи фироқ ва пас аз гузориши Радиои Озодӣ падарашро дар Узбекистон ёфт. Мегӯяд, падараш ӯро ҳангоми кӯдакӣ гузоштаву рафта буд. Модараш барвақт аз беморӣ даргузаштааст (видео)

- Модари Далерҷон Мирзоев бовар надорад, ки писараш дар ҳамла ба "Крокус сити ҳол" ширкат кардааст. (видео)

- Наздикони Фаридуни Шамсиддин боздошт нашудаанд. Баъди ҳамла дар Крокус сару садо дар бораи ихроҷи наздикони тоҷикони муттаҳам ба он нашр шуд.Ҳамчунон дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи бозпурсиву таъқиби наздикони онҳо дар Тоҷикистон паҳн гардид. (видео)

- Сукути ҳукумат дар бораи шиканҷаи тоҷикон дар Русия нишонаи чист? Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст (видео)

- Шубҳаҳо ба шарҳи расмии ҳамла ба "Крокус Сити". Коршиносон ба таҳқиқи мунсифонаи ҳамлаи "Крокус" бовар надоранд. (видео)

- Дар Тоҷикистон гази безарар истеҳсол мекунанд. Як ташкилоти мустақили кишоварзии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ азм дорад ба хонаводаҳо бо фанноварии нав газу рӯшноӣ орад ва ҳам мушкили чандинасраи занону деҳқононро ҳал кунад (видео)

- Чаро ҷавонони тоҷик ба амалҳои террористӣ даст мезананд? Боздошти шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус Сити" дар канори Маскав хабарсоз шуд. Дар барнома ба ин суол посух меҷӯем, ки сабаби асосии рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ифротгароӣ чист? Бекориву нодорӣ, ноогоҳӣ ва ё фишору маҳдудият? (видео)

- Хонаи холии оилаи Исломовҳо, гумонбарони ҳамлаи Крокус. Баъзе аз наздикони Исроил Исломов, ки ҳамроҳи ду писараш дар робита ба ҳамлаи Крокуси Маскав боздошт шудаанд, дар Тоҷикистон мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтаанд. (видео)

- Сафар ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст. Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст. Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд. (видео)

- Модари Муҳаммадсобир мегӯяд, "хатои писари маро такрор накунед". Бо гузашти чаҳор рӯз хонаводаи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарон дар ҳамлаи хунин дар канори шаҳри Маскав дар бораи фарзандашон бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард. Бубинед, модараш чӣ мегӯяд (видео)

- Нақли ҳамсари Саидакрам, яке аз муттаҳамони ҳамла. Саидакрам Раҷабализода, яке аз муттаҳамон ба ҳамла дар Крокус кист ва кай ба Русия рафт. Радиои Озодӣ бо ҳамсари ӯ сӯҳбат кард. (видео)

- "Мо ҳам дар ташвишем, бачаи мо ҳам дар Русия аст". Ҳамлаи хунин ба Крокус бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарону мушавваш кард, чун бисёриҳо як фарзанде ё азизе дар Русия доранд. Умдатан баъди ҳаргуна хабари баде дар бораи тоҷикон дар Русия озору азияти онҳо зиёд мешавад (видео)

- Назарҳо аз хориҷ ба ҳамла дар Маскав. Кори кӣ буд? Дар хориҷ аз Тоҷикистон вокунишҳо ба эҳтимоли даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунин дар вилояти Маскав зиёд аст. Радиои Озодӣ назари чанд нафарро дар ин робита пурсид. (видео)

- Салом, хоҳар. Чаро баъзе аз кӯдакон бемор таваллуд мешаванд? Дар барномаи имрӯз аз муҳимтарин масъалаи оилаҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Таваллуд, замони бордорӣ ва мушкилоте, ки баъдан сабаби таваллуди тифли норасид, бемор ва ё кундзеҳн мешавад. Табибон мегӯянд, чӣ бояд кард, то тифл солиму тандуруст ба дунё биёяд ва бузург шавад (видео)

- Қимати оби полезӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Дар Тоҷикистон нархи як метри мукааб оби полезӣ 150 дарсад боло рафтааст. Агар деҳқонон то охири моҳи январи имсол барои оби полезӣ ҳамагӣ 2 дирам мепардохтанд, аз моҳи феврал дигар 5 дирам месупоранд. Акнун деҳқонон ҳайрону нигарон шудаанд. (видео)

- Худойназар - посдори ҳунари қадимаи тоҷикӣ. Қуроқдӯзӣ ё порчадӯзӣ аз гузаштаҳо дар байни мардуми дунё ривоҷ ёфт буд. Ин ҳунар дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зинда аст. Худойназар Ҷабборов аз Қубодиён беш аз 30 сол боз қуроқдӯзӣ мекунад. Ҳунари ӯ бештар манзили навхонадоронро оро медиҳад. Мегӯяд, сокинон ӯро бо ин ҳунараш эҳтиром мекунанд. (видео)

- Таҷлили Наврӯз дар Душанбе. (аксҳо)

- Дасти ҷосусони Русия дар Аврупо дароз шудааст? Коршиносон мегӯянд, ҷосусони рус дар кишварҳои аврупоӣ дубора фаъол шудаанд. Чанде пеш дар Испания як халабони русро куштанд, ки бо чархбол ба Украина фирор карда, таслим шуд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ӯро ҷосусони рус аз байн бурдаанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG