Ссылки доступа

Додгоҳи Бишкек ҳукми шартии Зарина Торокуловаро бекор ва ӯро зиндонӣ кард


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 5 апрел ҳукми шартии фаъоли маданӣ Зарина Торокуловаро бекор карда, ӯро ба ҳабс гирифт.

Вакили дифи фаъоли маданӣ Акмат Алагушев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Бишкек ҳукми додгоҳи ноҳияи Якуми майро, ки Торокуловаро шартан аз озодӣ маҳрум карда буд, бекор кард.

"Додгоҳ бо дархости додситонии ноҳияи Якуми май ҳукмии шартии Торокуловаро бекор ва қарор кард, ки ӯ 5 сол дар зиндон бимонад", - афзуд ӯ.

Зарина Торокулова яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон аст, ки бо танқидҳои худ аз амалкарди мақомоти он кишвар маъруф мебошад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 11 сентябри соли гузашта аз боздошти Торокулова хабар дода, гуфта буд, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайваста матлабҳои иғвоангезро ба нашр расонда, қисми 2-и банди 278 (Бетартибиҳои оммавӣ)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистонро нақз кардааст.

XS
SM
MD
LG