Телевизиони давлатии Узбекистон дар як гузорише рӯзи 1 апрел баъзе аз ҷузъиёти он терактро нашр кард. Гузориш дар асоси эътирофҳои маҳкумшудаҳо сохта шудааст.
Муаллифони гузориш нагуфтанд, ки чаро маҳз ҳоло дар бораи омодагӣ ба теракти ду сол пеш хабар медиҳанд.
Аммо ин гузориш чанд рӯз баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав нашр шуд.
Бино ба гузориши телевизионӣ, шаҳрванди Узбекистон Муҳаммад Уролов, ки дар Сурия қарор дошт, дар паёмакрасони Телеграм гуруҳ кушода, тавассути он "чанд терактро дар шаҳри Тошканд баҳор ва тобистони соли 2022 нақшарезӣ карда буд".
Мақомоти тафтишотии Узбекистон гуфтанд, Муҳаммад Собиров мубаллиғ ва фаъоли гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" буд ва "сокинони Тошканд Давронбек Турабеков, Зиёвуддин Амонова ва Ҳайитбой Аҳмадҷоновро атрофи ғояҳои тундгароёна ҷалб карда, ба онҳо дастур додааст, ки теракт анҷом диҳанд".
Дертар ин гуруҳ Иззаттуло Зайниддинов, сокини дигари Тошкандро ба сафи худ ҷалб кардааст.
Мақомоти Узбекистон тавонистаанд, ки аз ин нақшаҳо пешгирӣ ва ин афродро боздошт кунанд.