Ссылки доступа

Вокуниши мақомоти Узбекистон ба даъватҳо ба теракт


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон баъди паҳн шудани даъватҳо ба теракт дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш нишон дод.

Дар вокуниши вазорат омадааст, дар пайи терактҳо дар кишварҳои дигар "баъзе шаҳрвандони Узбекистон тавассути интернет ба анҷом додани теракт дар ивази маблағ даъват мешаванд".

"Бештари маврид паёмакҳои иғвобарангез тариқи паёмакрасони Telegram фиристода мешаванд. Афроди ношиносе ваъда маблағ, таъмини силоҳ ва ирсоли нақшаи амал мекунанд. Бадии кор дар он аст, ки онҳо бештар ба кӯдакон менависанд. Иғвогарон акс надоранд ва рақамҳояшон пӯшида аст", - омадааст дар хабари вазорат.

ВКД Узбекистон аз шаҳрвандони он кишвар даъват кардааст, ки ҳангоми дарёфти чунин паёмак "сару садо эҷод накунанд ва онро ба наздикону дӯстонашон нафиристанд, балки фавран ба мақомот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин бо паёмфиристон вориди гуфтугӯ нашаванд".

XS
SM
MD
LG