Вазорати умури дохилии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 3 апрел дар шоҳроҳи "Самара — Чимкент", дар ҳудуди деҳаи Маржанбулаки вилояти Оқтеппа рух додааст.
Ба иттилои пулис, мошини боркаши "Volvo" бо мошини "Toyota-Аlhpard", ки дар дохилаш шаҳрвандони Узбекистон буданд, бархӯрдааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, чархи мошини боркаш даридааст ва дар натиҷа ронанда идора нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобил баромадааст.
Барои интиқоли ҷасади шаҳрвандони Узбекистон ба ватан бо фармони раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев комиссияи ҳукуматӣ ташкил шудааст.