Ссылки доступа

Парвандаи 11 рӯзноманигор дар Қирғизистон: ду танро дар ҳабс боқӣ гузоштанд


Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 1 апрел шикояти вакилони рӯзноманигори тарҳи Temirov Live Муҳаббат Тоҷибек қизӣ, инчунин рӯзноманигорони пешини ин тарҳ Жоодар Бузумов ва Оқтилек Капаровро баррасӣ кард.

Додгоҳ шикояти онҳоро қонеъ накард ва қарори додгоҳи зинаи поёниро бе тағйир боқӣ гузошт. Пештар додгоҳи зинаи поёни қарор карда буд, ки онҳо то 13 май дар боздошт боқӣ монанд.

Рӯзи 27 март додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзноманигорони дигари тарҳҳои рӯзноманигори Temirov Live, "ПолитКлиника" ва "Айт, Айт Десе"-ро дар ҳабс боқӣ гузошта буд.

Пештар Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) дар робита ба тамдиди ҳабси 11 рӯзноманигоре, ки дар таҳқиқҳои фасодкорӣ дар Қирғизистон иштирок доштанд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмон 13 март бо нашри як изҳорот аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки рӯзноманигоронро озод кунанд. "Мақомоти Қирғизистон бояд парванда алайҳи кормандони кунунӣ ва пешини тарҳи "Темиров Live"-ро фавран қатъ карда, онҳоро аз ҳабс озод кунанд", - омадааст дар изҳорот.

Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳабси дастаҷамъонаи рӯзноманигорон баёнгари буҳрони афзояндаи озодии расонаҳо дар Қирғизистон мебошад.

Ин рӯзноманигорон моҳи январи имсол боздошт шуда буданд.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, зидди боздоштшудаҳо бо гумони "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG