Ссылки доступа

Як шаҳрванди Узбекистонро дар Русия бо айби сафедсозии теракт ҳабс карданд


Додгоҳе дар кишвари Олтойи Русия як шаҳрванди Узбекистонро бо айби сафедсозии терроризм ҳабс кард.

Шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки мақомоти додгоҳии Олтой аз вай ном набурдаанд, рӯзи 24 март дар мағозае дар бораи терракт дар "Крокус сити ҳолл"-и Маскав дар мазҳари ом изҳори назар кардааст.

Мақомоти ӯро 27 март боздошт ва дар "даъвати оммавӣ ба терроризм, сафедсозӣ ва ё тарғиби он" айбдор кардаанд. Аз рӯи ин модда ҳадди аксари ҷазо 5 соли зиндонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG