Ссылки доступа

Обхезӣ дар Қазоқистон боиси кӯчонидани 11 ҳазор кас шуд


Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон рӯзи 31 март барои рафъи оқибатҳои обхезӣ ҷаласаи ситоди ҳукуматиро баргузор кард.

Ситоди ҳукуматӣ, бо роҳбарии Олжас Бектенов, бо дастури президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ташкил шуд.

Дар ҷаласаи рӯзи 31 март гуфта шуд, ки аз минтақаҳои офатзада 11 306 кас ба ҷои амн кӯчонида шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, обхезӣ бештар аз 40 қитъаи роҳ ва як пули мошингузарро тахриб кардааст. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ба таври шабонарӯзӣ ба мардуми офатзада кумак мерасонанд.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ҳоло 10 вилоят, чанд шаҳр ва чанд ноҳия дар минтақаи хатар қарор доранд ва дар ҳудуди онҳо ҳолати фавқулода эълом шудааст.

Рӯзи 30 март президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз сокинон узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки фаъолияти ҳукумат дар мавсими обхезиҳо нокифоя ва ғайрикасбӣ будааст.

XS
SM
MD
LG